Сели азим дар дехаи Сароби Исфара | 12.06.2018



Все видео канала Khorasan Zamin TV2018-06-12 22:34

Ба Шабакаи мо пайваст шавед: https://goo.gl/177h5e

Вконтакте: https://goo.gl/f1ajSs
Однокласники: https://goo.gl/wZnSDd

Нимаи дуюми рӯзи 12 июн дар деҳаи Сароб (собиқ Найман)-и ҷамоати Сурхи Исфара дар паи жолаву борон як сели азим омад. Обхезӣ барои чанд соат кӯчаҳои Саробро мисли Венетсия кард, вале чуни ҳама офатҳои табиӣ хисороти ҷиддие низ дар пай гузошт. Бино ба ҳисобҳо, қабристони Сароб, чандин гектар замин ва дар маҷмӯз 360 хоҷагӣ аз сел зарар дидаанд.

Сокинони Сароб дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфтанд, "як мояи дилхушии сели рӯзи 12 июн ин буд, ки деҳа барои чанд соат мисли Венетсия шуд, ки одам метавонист бо қаиқу киштӣ ҳам шино кунад.” Вале инки сел ба садҳо хоҷагӣ зарар овард, албатта, ҳамаро маъюс кард, меафзоянд ҳамсӯҳбатони мо.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бар асари сели рӯзи 12 июн дар Сароб ва атрофи он 360 хоҷагӣ, қабристон ва чан гектар замини кишт осеб дидаанд.

Сел дар деҳаи Сароб дар паи силсилаи селу обхезиҳои пурхисорот дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон аст. Танҳо дар як моҳи охир бар асари селу боришот дар Тоҷикистон дастикам 11 нафар ҷон бохта, зарари обхезиҳо танҳо дар ҷануби кишвар беш аз ду миллион долларро ташкил додааст.

Теги: исфара сел, чоркух сел, ворух, наводнение, обхези, сел, сел в таджикистане, селовой поток, погибли, видео, дахшат, новости, таджикистан, сегодня, хабархои нав, точикистон, хабархои имруз, ахбор 2018, хабар 2018, ахбори точикистон 2018, хабархои нави, точикистон, навгони, нав, хабар, ахбор, ходисахо, точик